Барномаи корӣ барои мағоза ё хизмат одатан аз як маҷмӯъ сар мешавад: воридшавӣ, каталог, ҷустуҷӯ, корти мол, сабад ва ҳолати фармоиш. Кабинет, дӯстдошта ва огоҳинома баъдтар меоянд, вақте ки роҳи асосӣ аллакай кор мекунад.

Қисми алоҳида сервер аст. Барнома бояд нарх ва боқимондаро гирад, қатъи шабакаро тоб орад ва фармоишро гум накунад. Барои ҳамин ба баҳо на танҳо тарҳи экран, балки API, кэш ва санҷиш дар телефонҳои маъмули Тоҷикистон дохил мешавад.

Нашр дар Google Play ва App Store аккаунт, нишона, тавсиф, сиёсати махфият ва сохтанро талаб мекунад. Агар инро аз аввал ба нақша гирем, оғоз дар рӯзи охир намеистад. Барномаи маркетплейсро ҳамин тавр ҷамъ кардем: аввал харид, баъд кабинет ва танҳо баъд мағозаҳои барнома.